То якуми июл дар назар  аст, ки тамоми шаҳрвандони дармонда дар Федератсияи Русия ба ватан баргаронида мешаванд.  Дар ин бора  ба  Радиои Тоҷикистон  Азиз Набизода, муовини директори  Агентии авиатсияи граждании  назди Ҳукумати кишвар иттилоъ дод.

Ба гуфтаи манбаъ, шурӯъ аз 25 июни соли равон барои марҳила ба марҳила баргардондани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои ватании “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” ба самти шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск ва Екатеринбурги  Россия ва аз ин шаҳрҳо ба Тоҷикистон парвозҳои чартерӣ анҷом дода мешаванд. Танҳо ба шаҳри Москва 5 парвоз ба нақша гирифта шудааст.

Номбурда гуфт, ки  аз 1-июл  ҳамчунин  парвозҳои доимӣ  ба самти  Аморати Мутаҳидаи Араб ва  Ҷумурии Ӯзбекистон  ба роҳ монда хоҳад шуд.  Бинобар иттилои манбаъ имрӯз зимни ҷаласаи Агентии авиатсияи граждании  назди Ҳукумати ҷумурӣ  бо намояндагони  кишварҳои  Қазоқистон, Русия, Чин ва Туркия дар хусуси  парвозҳои доимӣ гуфтушунид анҷом додаанд.  Акнун ҷониби  кишвари мо мунтазири посухи ин кишварҳо дар мавриди парвозҳои доимӣ мебошад.

Ба гуфтаи Азиз Набизода агар  кишварҳои мазкур розӣ шаванд, пас  дар хусуси нафарони ҳуқуқи парвоздошта,  пешниҳодҳо ироа мегарданд.   Айни ҳол, ба кишварҳое, ки  парвозҳои доимӣ шуруъ мегардад, нафарони хоҳишманд танҳо бо доштани маълумотномаи манфӣ аз тести коронавирус имкони харидории чиптаро доранд.

                                                                                             Саъдӣ Ғоибов

Радиои Тоҷикистон