Тибқи талаботи қонуни нав “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”  агар қарори дастаҷамъона ба манфиати роҳбар, хешовандони наздики ў ё ба манфиати шахсони сеюм қабул карда шаваду роҳбар барои қабули он фаъолона мусоидат намояд, ё рўирост мамониат накунад, ҷавобгарии пурра ба зиммаи роҳбар гузошта мешавад.

Дар ин маврид Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зимни муаррифии лоиҳаи Қонуни мазкур дар таҳрири нав изҳори назар кард.

Қонуни амалкунанда “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” соли 2005 қабул карда шуда, дар тўли ин солҳо пайдоиши ҳолатҳои нави содиркунии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва тарзу усулҳои нави муқовимат ба он, зарурати дар таҳрири нав таҳия намудани қонуни мазкурро ба миён овард.

Қонуни нав дар қиёс ба сохтори қонуни қаблӣ тафовути зиёд дошта, ҳамзамон, таҳлили қиёсии мавзуъ ва мафҳумҳои дарбаргиранда нишон медиҳанд, ки онҳо дар лоиҳа назар ба қонуни амалкунанда мукаммал ва мушаххас ифода ёфтаанд. Шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ҳамчун субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд возеҳ шарҳ дода шудааст. Ғайр аз ин, ду мафҳуми нав, яъне мафҳумҳои “пешгирии коррупсия” ва “хавфҳои коррупсионӣ” илова карда шудаанд. Дар Лоиҳа боби 2, яъне ваколатҳои субъектҳои муқовимат ба коррупсия меъёрҳои нав буда, дар он моддаи панҷ салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия, субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда, ваколатҳои субъектҳои бевосита ба коррупсия, субъектҳое, ки дар муқовимат бо коррупсия иштирок менамоянд, ҳамчунин ба масъалаи пешгирии коррупсия аз рўи таҷриба яке аз усулҳои самаранок ва натиҷабахши муқовимат ба коррупсия маҳсуб меёбад.

Бояд гуфт, қабули Қонун ҶТ «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» дар таҳрири нав бо тавсияи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд  таҳия шудааст.

Тибқи иттилои Рустам Шоҳмурод, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, “давлатҳои иштирокчӣ уҳдадоранд, мутобиқи принсипҳои асосии низоми ҳуқуқии худ чораҳои самаранок ва ҳамоҳангшудаи пешгирии коррупсияро андешанд. Лоиҳаи қонун бо назардошти тавсияҳои созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд барои Тоҷикистон дар доираи нақшаи амалиёти истамбулии шабакаи мубориза бар зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ таҳия гашта, дар он ба масъалаҳои мониторинги самаранокии амалисозии барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалисозии ин барномаҳо, гузаронидани тадқиқотҳои маҷмўии сотсиологӣ, маърифатнокии зиддикоррупсионӣ, ошкор намудани хавфҳои коррупсионӣ ва дигар тавсияҳо диққати ҷиддӣ дода шудааст.”

Бояд гуфт, барои пешгирӣ аз ҳама ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза ба коррупсия ҳанӯз октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия қабул шуда, декабри ҳамон сол зиёда аз 100 давлат ба Конвенсияи мазкур имзои худро гузоштанд.

Соли 2008 бори аввал барномаи зиддикоррупсионии давлатии “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” ба тасвиб расида, баъди ба охир расидани муҳлати амали он “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қабул гардид.

Дар самти мубориза як ниҳоди муҳим, Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Тоҷикистон таъсис шуд.

Ба бовари коршиносон, пиёдасозии Ҳукумати электронӣ яке аз омилҳои аз байнбарандаи коррупсия буда метавонад. Ҳукумати кишвар соли 2011 Консепсияи ташаккули ҳукумати электрониро қабул намуд, ки ҳадаф идоракунии муносиби давлатӣ, пешгирии бюрократия ва коррупсия унвон шудааст, аммо то куҷо ин Консепсия амалӣ мегардад, суоли дигар аст.

Коршиносон мегӯянд, муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии коррупсияро коҳиш диҳад.

Бояд таъкид кард, ки мақсади ниҳоӣ аз мубориза алайҳи коррупсия устувор намудани арзишҳои демократӣ дар ҷомеа, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва пешгирӣ кардани паёмадҳои номатлуби он бояд бошад.