Артиши  Кореяи шимолӣ ҳушдор дода, ки нируҳои ин кишвар омода вуруд ба минтақа ғайринизомӣ миёнӣ ду Корея  ҳастанд.   Ким Ю Чжон , хоҳари Ким Чен Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ гуфтааст, ки ба артиш дастур додааст то барои ин иқдом омода шавад.

Вазири дифои Кореяи Ҷанубӣ дар вокуниш ба афзоиши таҳдидҳои низомии Кореяи Шимолӣ гуфт кишвараш бо ҳамкории Иёлоти муттаҳида, ба диққат дар ҳоли пайгирии  иқдомоти низомии Кореяи Шимолӣ аст.

Кореяи Ҷимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ тавассути минтақае бо номи минтақаи “ғайринизомӣ” аз ҳам ҷудо мешаванд ва  он  як хатти марзие аст, ки ду кишварро аз ҳам ҷудо кардааст.

Рӯзи 16 июн, артиши Кореяи Шимолӣ гуфт, ки  дар ҳоли баррасии “як барномаи амалӣ” барои фиристод артиш ба манотиқи ғайринизомӣ байни  ду  Корея аст.  Ин  баёния пас аз он содир шуд, ки хоҳари раҳбар Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубиро ба иқдоми низомӣ таҳдид кард.

Ким Ю Чжон, хоҳари ҷавонтари Ким Чен Ин аст. Гуфта мешавад, ки ӯ ба падараш бисёр наздик буда ва падараш ҳамеша ба хотири алоқа ба сиёсат ва ҳуши боло дар бачагӣ аз ӯ таъриф мекардааст.  Ҳафтаи  пеш Кореяи Шимолӣ ба тамосҳои худ бо Кореяи Ҷанубӣ аз ҷумла барқарории хатти тамоси миёни раҳбарони ду кишвар поён дод.

Дар ҳамин ҳол хабаргузориҳои Кореяи Ҷанубӣ аз вуқӯи инфиҷор дар минтақаи марзии миёни ду Корея хабар додааст. Тибқи  гузоришҳо, Кореяи Шимолӣ дафтари иртиботот бо Кореяи Ҷанубиро дар шаҳри марзии Кесонг мунфаҷир кардааст.  Ин  иқдом фақат чанд соат пас аз даври ҷадиди таҳдидҳои Кореяи Шимолӣ мабни бар иқдом алайҳи Кореяи Ҷанубӣ сурат гирифтааст.

Минтақаи  ғайринизомӣ пас аз ҷанг дар нимҷазираи Корея  дар соли 1953 эҷод ва нақши боздорандаро  байн ду ин кишвар дорад. Кореяи Шимолӣ гуфт аз иқдоми “фирориҳои ин кишвар дар Кореяи Ҷанубӣ барои ирсоли матолиби таблиғотӣ ба ин кишвар хашмгин аст.

Ин  гурӯҳ аз афрод кураҳои паронро ба он сӯи марз мефиристанд, ки дорои матолиби таблиғотӣ, мавод ғизоӣ, пули нақд, радио ва дастгоҳҳои  дорои  ахбор ва филмҳои Кореяи Ҷанубӣ аст.