Таҳаввули равандҳои сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ дар се соли охир ба таври барҷаста авзои минтақаро дигар намуда, боиси густариш ёфтани муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи давлатҳои он гардид. Дар ин самт, ба хусус такмил ёфтани муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон аҳамияти махсусро касб мекунад.

Тавре маълум аст, бо фосилаи қариб 10 сол нишасти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар моҳи марти соли 2018 дар Остона (Нурсултони имрӯза) баргузор гардид. Нишасти дуюми машваратӣ моҳи ноябри соли 2019 дар Тошканд гузашт. Аҳамияти ин нишастҳои машваратӣ барои ояндаи минтақаи Осиёи Марказӣ бениҳоят муҳим буда, ба равандҳои эҳтимолии минтақавии дар дарозмуддат ба вуҷуд меомада таъсир мерасонад.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои 90-уми асри 20 ва солҳои аввали 2000-ум таҷрибаи ҳамгироиро доранд, ки то ҷое номуваффақ мебошад. Шароити имрӯзаи тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ба сиёсат, иқтисод, фарҳанг, илм ва ҷаҳонгардӣ таъсири мустақим мерасонад.

Ба ҳамаи унсурҳои мусбати ба вуҷуд омада нигоҳ накарда, дар минтақа маҷмуи мушкилоте мавҷуд ҳастанд, ки барои густариши ҳамсоягии неки кишварҳо халал ворид мекунанд.

Доир ба  равандҳои муосир дар Осиёи сиёсатшинос ва шореҳи сиёсии Радиои Тоҷикистон Шералӣ Ризоён бо номзади илмҳои таърих, дотсент Амриддин Шарипов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон суҳбати ихтисоси анҷом дод.

 Шералӣ Ризоён: Тавре маълум аст, Осиёи Марказӣ баъд аз соли 2017 ба як таҳавуллоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд. Тадриҷан беҳтар гардидани муносибатҳои байнидавлатӣ ва муносибатҳои бисёрҷонибаи кишварҳои минтақа низ ба назар мерасад. Бахусус дар моҳи марти соли 2018 баргузор шудани нишасти якуми сарони давлатҳои минтақа бо танаффуси зиёда аз 10 сол дар шаҳри Остона бисёр тақдирсоз буд. Зеро кишварҳои минтақа дарк карданд, ки зарурати пешбурди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи онҳо бе иштироки бозингарони ғайриминтақавӣ бисёр муҳим аст. Гузашта аз ин, тирамоҳи соли 2019 нишасти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд баргузор шуд ва дар ин фосила хеле аз нуктаҳое, ки дар нишасти якум зикр ёфта буданд, дар нишасти дуюм мушаххас шуданд.

Аз ин дидгоҳ, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар намудани муносибатҳо бо ҳамаи давлатҳои минтақа бисёр муҳим аст. Бинобар ин, имрӯз дар арафаи солгарди нишасти сарони давлатҳои минтақа, ки тақрибан аз якумаш 2 сол сипарӣ шуд, тасмим гирифтем равандҳои 2 соли охирро дар Осиёи Марказӣ баҳсу баррасӣ кунем, Шумо чӣ вижагӣ ва чӣ хусусиятҳои нави робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаро байни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар минтақа мушоҳида кардед?

Амриддин Шарифов: Аслан агар саволи Шуморо ба инобат гирифта як пешдаромади таърихӣ оид ба заминаи ташаккули муносибати кишварҳои Осиёи Марказиро дар замони истиқлолият пайгирӣ намоем, маълум мешавад, ки аз як тараф масъалаи ҳамгироӣ аз рӯзҳои аввали истиқлолият дар маърази диққати тамоми роҳбарон, коршиносон ва доираҳои илмиву назариявии кишварҳои минтақа буд. Вале барои чӣ он то замони имрӯза ба шакли комплексию институтсионалӣ, яъне дорои ягон механизми муташаккил ва самаранок табдил наёфт, ин масъалаи дигар мебошад.

Агар баъзе омилҳои номуваффақ будани равандҳои ҳамгироиро баррасӣ кунем, пас ба ин саволҳо, дар замони муосир аллакай ҷавоб ҳосил шудаанд. Яъне, барои чӣ равандҳои ҳамгироӣ муваффақ нашуданд?

Баъди он ки кишварҳо ба истиқлолияти сиёсӣ даст ёфтанд, аввалин таассуроти онҳо – дубора гирифтор нашудан ба шаклҳои нави вобастагӣ буд. Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ё ташаббусҳои дигар дар доираи минтақа метавонист як вобастагии шакли тоталитарӣ-империро дар шакли нав, яъне иқтисодӣ ва сиёсӣ иваз намоянд. Ҳамзамон ҳар як кишвар дар доираи коршиносону назариячиёни худ ба омӯзиши мақоми нави минтақа дар саҳнаи сиёсати байналмилалӣ шӯрӯъ намуд. Ҳар кишвар кушиш мекард, ки новобаста аз оне, ки минтақаро ҳамчун дорои мавқеи нав ва аҳамияти геополитикидошта эътироф кунад, таваҷҷуҳи асосиро барои муаррифӣ намудани кишвари худ ҳамчун як купрук, як чорроҳа, як маркази умқи равандҳои ҳамгироӣ баррасӣ намояд. Аз ин дидгоҳ, як номувофиқатӣ дар усули омӯзишӣ, яке аз омилҳои дигари ҳамин муваффақ нашудан буд.

Яке аз омилҳои муҳимми дигар ин ташаббуси Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон буд, ки аз 30 уми апрели соли 1994 ба созишномаи таъсиси фазои ягонаи иқтисодӣ оғоз гузоштанд. Тоҷикистон аввал ба сифати нозир ва баъдан соли 1998 ба ҳайси узви комилҳуқуқ ба ин созмон ҳамроҳ шуд. Лекин Туркманистон аз соли 1995 сиёсати бетарафиро ихтиёр карда, мафҳум ё конструкти бунёди ҷуғрофию таърихии Осиёи Марказиро таъғир дод: аллакай як кишвар аз равандҳои ҳамгироӣ қафо монд ё берун шуд.

Дар ҳамин давра баъзе ташаббусҳои муҳим амалӣ шуданд: кишварҳо баҳри ҳалли масъалаҳои экологӣ, махсусан фоҷеаи баҳри Арал як назари муайянро коркард карда аз 26 марти соли 1993 “Бунёди байналмилалии наҷоти Арал” ташкил гардид. Дар ҳамин лаҳза як иқтидори низоомез ва хушунатомез, ки дар минтақа аз замони тақсимоти марзию ҳудудӣ ва баъзе усулҳои сиёсати Шӯравӣ мерос монда буд – воқеан хеле коҳиш ёфт. Ин тағйирот новобаста аз он љараён гирифт, ки дар Тоҷикистон марҳилаи ниҳоии истиќрори сулҳ ба анҷом нарасида буд.

Тавре маълум аст, Русия аз соли 1998 ҳамчун нозир ба “Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ”, ки минбаъд “Созмони ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказӣ” ном гирифт, шомил гардид. Тадриҷан ин созмон соли 2001 дар мулоқоти Тошканд бинобар хатарҳои муосир ба “Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ” табдили ном карда, бештар ба масоили иқтисодӣ ва амнияти таваҷҷуҳ мекард. Соли 2005 бинобар ҳамроҳ шудан ба Созмони иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) фаъолияташро қатъ намуд. Мо мебинем, ки асоси зуҳури баъзе ихтилофҳо дар миёни кишварҳои минтақа, новобаста аз баъзе бурду бохтҳо баъди анҷоми фаъолияти ҳамин ниҳод – “Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ” возеҳ шудааст. Дар инҷо омилҳои дигарҳам буданд, ки ҳар як кишвари минтақа аслан ба ягон қудрати хориҷӣ такя мекард, баъзеҳо мехостанд бо Туркия, ИМА, Аврупо ё дар ҳамон доираи равобит бо Русия боқӣ монанд. Инҷо баъзе унсурҳои рақобат барои пешсафӣ дар минтақа ба назар мерасид.

Тавре таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, дар минтақаи Осиёи Марказӣ – марказ (яъне Маскав) тамоми масъалаҳоро тавассути Тошканд ҳал мекард ва бо назардошти сиёсати озод ва кушодаи Қазоқистон баъзе унсурҳои лидерии ин кишвар возеҳ шуд, ки дар раванди раќобат бо Ӯзбакистон дар маҷмӯъ боиси муваффақ нашудани равандҳои ҳамгироӣ гардид.

Бо назардошти вазъияти нави ҷаҳонӣ ва шиддат гирифтани хатарҳои муосир ва дарки зарурати дастаҷамъонаи ҳалли тамоми мушкилиҳо дар самти амният ва иқтисод, кишварҳо дубора ба раванди ҳамгироӣ даст заданд. Ҳарчанд ҳоло дар бораи раванди ҳамгироӣ сухан гуфтан барвақт аст, лекин як кушиш, як қадами аввалин дар ин самт гузошта шудааст ва дар ин самт, пеш аз ҳама яке аз омилҳои дубора баргаштан ба ин раванд, ин таъғирёбии мавқеи сиёсии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.

Муссалам аст, ки баъд аз ба имзо расидани созишномаҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, дар муддати баъди даҳ рӯз он, мулоқоти аввалин дар шаҳри Остона бе ҳузури кишварҳои дигар баргузор гардид, ки заминаи равандҳои ҳамгироиро дар Осиёи Марказӣ возеҳ кард. Агар дар мулоқоти Остона як нуќтаи назар ё дарки зарурати ҳамоҳанг сохтани равандҳои иқтисодӣ ва вусъат додани равандҳои ҳамгироӣ садо дода бошад, пас аллакай дар Тошканд аз 29 октябри соли 2019 баъзе қадамҳои амалӣ дар самти вусъати ҳамкориҳо, зарурати пешгирии дастаҷамъонаи хатарҳои муосир гузошта шуданд, ки бо эътирофи зарурати баргузории ҳамасолаи саммити машваратии кишварҳо асос меёбад.

Ҳамзамон аввалин пешниҳоди умқи ҳамкориҳо карда шуд ва ҳамчун рамзи қадрдонии фаъолиятҳо дар замони пешин ҷиҳати вусъати равандҳои ҳамгироӣ Нурсултан Назарбоев раиси ҷаласаи машваратӣ дар Тошканд эълон гардид, ки расман дар ин давра сарвари давлати Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев буданд. Дар ин давра муътадил гаштани муносибатҳои байни кишварҳои минтақа, пеш аз ҳама дар мисоли Тоҷикистон-Ӯзбекистон, Ӯзбекистон-Қазоқистон, Ӯзбекистон- Қирғизистон ба назар мерасад. Аз ҷониби дигар дар тули ин 2 сол воқеан рақобат барои пешсафӣ дар минтақа мушоҳида намешавад. Аллакай як фазои ором ва муътадил ҳамчун заминаи умқ ва дурнамои ҳамкориҳо ба назар мерасад.

Аз ҷониби дигар чи тавре, ки мо медонем соли 2013 дар давраи авҷи сард гаштани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон гардиши солонаи савдо то 2 миллион доллар поён омада буд. Имрӯз як вусъату рушди табодули тиҷоратӣ байни давлатҳо ба назар мерасад, ки яке аз сарчашмаҳои он раванди Остона мебошад. Омили дигар тавре гуфтем ҳам дар Тошканд ва ҳам дар Остона ҷонибҳо ба як хулосае омада буданд, ки зарурати ҳамоҳанг сохтани равандҳои минтақавӣ барои пешгирӣ намудани хатарҳои муосир, пеш аз ҳама терроризм ва экстремизм ва таъмини амният ва субот дар тамоми фазои минтақа шароити мувофиқ офарида мешавад. Ин яке аз нишонаҳои дигари ҳамкорӣ мебошад.

Баъдтар мо дар масъалаи муносибати мутақобилаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи обанбори “Фарҳод” гардиши куллиро мушоҳида намудем. Пештар як тасаввуроти нодурусте, ки аксар аз ҷониби кишварҳои абарқудрат ё марказҳои омӯзишии онҳо ба мо таҳмил мешуданд, ба монанди кишварҳои болооб ва поёноб, туркзабону-форсизабон, кишварҳои нисбатан пешрафтаву қафомонда, кишварҳои иқтидори низоангез, дар мисоли Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, қисман Қирғизистон дар водии Фарғона ҷудо карда мешуданд. Имрӯз он омилҳое, ки кишварҳоро амалан ҷудо менамуд, махсусан дар масъалаи об ва коммуникатсия аллакай ҳамчун омили умқи ҳамкорӣ дар оянда баррасӣ шуда истодааст. Аз ҳама муҳим, тавре пештар зикр кардем, баъд аз истиқлолият дар кишварҳо як гурӯҳи коршиносону назариячиён ба омӯзиши минтақа аз лиҳози манфиати худ шуруъ намуданд ва нақши кишвари худро мехостанд боло бардоранд. Лекин имрӯз мо мебинем, ки дар фазои минтақа дар давоми 2 сол чандин ҳамоишҳои коршиносон ба амал омаданд, ки ин ба умқ ва дарки воқеии масъалаҳои мавҷуда метавонад мусоидат кунад ва баъдтар ба дарки роҳҳои ҳалли самараноки мушкилоти мавҷуда ва ҳалли онҳо байни давлатҳои ҳамсоя дар оянда замина гардад.

Шералӣ Ризоён: Албатта нуктаҳое, ки Шумо зикр кардед, бешубҳа дар сиёсати нави минтақавӣ дар тӯли 3 соли охир, бахусус баъд аз нишасти машваратии сарони давлатҳои минтақа ба пуррагӣ ба назар мерасад. Вале як чизи ҷолиб дар ин аст, ки дар баробари наздик шудани муносибатҳои байнидавлативу бисёрҷонибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ боз мушкилоти муайян дар ҳамин самтҳо вуҷуд дорад. Умуман ман мехостам мушкилоти муҳим дар фазои минтақаи Осиёи Марказӣ онҳоро номбар кунам ва аз Шумо хоҳиш мешавад, ки андешаи худро барои коҳиш ё пасту бартараф намудани он зикр мекардед.

 Якум, ин ба анҷом нарасидани раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ байни кишварҳо аст. Ин мавзуъ, махсусан байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври мушаххас дар фазои иттилоотӣ баррасӣ мешавад. Ҳамчунин масъалаи мазкур байни Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ ба назар мерасад, ки дар дарозмуддат метавонад ба як омили ҷиддии таҳдидзо ба ҳамкориҳои ояндаи давлатҳои минтақа таъсир расонад.

 Дуюм, истифодаи зарфияти иқтисодию коммуникатсионӣ ҷиҳати фишор овардан ба давлатҳои минтақа аст, бахусус амали Туркманистон ҷиҳати манъи интиқоли молу маҳсулот тариқи қаламрави ин кишвар ба Тоҷикистон бисёр нигаронкунанда аст, чунки ба муҳтавои сиёсати нави минтақавӣ мувофиқат намекунад

 Сеюм, мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ намунаҳои ҳаррӯзаи онро мушоҳида мекунем, ки масъалаи миллатгароии қавмӣ, азхудкунии таъриху фарҳанг, баҳси таърихнависии минтақа ва ҳамчунин асотирофарӣ дар бораи таърихи мардумони Осиёи Марказӣ аст. Вақте ба ҳамин нуктаи сеюм таваҷҷуҳ мекунем, ба назар мерасад, ки гӯё баъзе давлатҳо, қавмҳои Осиёи Марказӣ бе ягон муносибат бо дигар миллатҳо рушд карданд. Ҳар як давлати минтақа таърихи давлати худашро ба як таърихи хеле қадим мебарад ва нишон додан мехоҳад, ки онҳо қадимтарин ва асилтарин мардуми минтақа ҳастанд. Барои коҳиши таъсири ҳамин 3 нукта, бахусус анҷоми раванди демаркатсия ва делимитатсия, масъалаи тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт ва умуман иртибот, ҳамчун василаи фишор истифода накардани он ва сеюм анҷом ёфтани асотирнависии таърихӣ, баҳсҳои қавмиву миллатгароӣ ба назари Шумо дар ҳамин марҳила мо чӣ кор бояд кунем ва чӣ чораҳо зарур аст, ки ҳамин мушкилоти зикршуда аз байн бурда шавад?

Амриддин Шарифов: Аслан тавре таъкид кардем худи Осиёи Марказӣ аз замони пайвастан ба Шӯравӣ ва тақсимоти марзиву маъмурӣ ба таври сунъӣ дорои якчанд мушкилоте гардид, ки натиҷаи онро то ба имрӯз ҳамин кишварҳо таҳаммул мекунанд ва кушиши ҳал намудани онро доранд. Танҳо мушкилот дар масъалаи делимитатсияву демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистону Қирғизистон метавонад ба як омили хатарафзо дар минтақа, бахусус дар бурриши хатҳои сарҳадии кишварҳо дар минтақаи Фарғона табдил ёбад. Лекин дар инҷо як нуктаи хушбинкунанда дар он аст, ки дар сурати мавҷудияти дарки воқеӣ ва иродаи сиёсӣ кишварҳо метавонанд ин масъаларо бо як самаранокии хос, бо ба эътибор гирифтани манфиатҳои тарафайн ҳал кунанд, ки инро мо дар мисоли баррасӣ шудани масъалаи сарҳад миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мушоҳида мекунем.

Чӣ кор кардан лозим аст? Ростӣ ин масъала вуҷуд дорад, мо онро бояд инкор накунем, лекин дар ҳалли масъалаи сарҳад бо Қирғизистон чи тавре пештар зикр шуд, айнан чунин масъала байни Ӯзбекистону Қирғизистон дар водии Фарғона маҷуд аст. Бинобар ин, зарурати ташкили комиссияҳои сеҷониба ба вуҷуд меояд, ки дар сурати баррасии ҳам омилҳои таърихӣ ва ҳам муосир имкони ҳалли он имконпазир аст. Имрӯз мо мебинем, ки яке аз омилҳои воқеан ба ҳамгирои монеашаванда, мавҷудияти мушкилоти марзӣ байни кишварҳо мебошад. Агар марзи кишварҳо ҳамчун омили ҷудокунанда баромад кунад, дар ин сурат дар бораи самаранокии ҳамкорӣ ё ҳамгироии минтақавӣ ҳеҷ ҷойи гап нест. Зарур аст, ки марз на ҳамчун омили ҷудокунанда, балки омили муттаҳидкунандаи кишварҳо баромад кунад. Таҷрибаҳои мусбат ҳастанд ва муҳим аст, ки он дар сатҳи сеҷониба ва минтақавӣ баррасӣ шуда, ҳалли худро ёбанд.

Дар масъалаи комуникатсия: тавре маълум аст, яке аз омилҳои муваффақ набудани ҳамгироӣ дар фазои Осиёи Марказӣ бо он ифода меёфт, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қиёс бо кишварҳои аврупоии Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳамдигар вобастагии шадид надоштанд. Ин кишварҳо ҳам дар бозори ҷаҳонӣ бо номгӯи тақрибан ягонаи маҳсулот баромад мекарданд ва аз ҷониби дигар танҳо баъзе аз ҳамин вобастагиҳоро дар комуникатсия, роҳу нақлиёт ва энергетика эҳсос мекарданд. Яъне ин кишварҳо ба истилоҳ кишварҳои худкифо ва вобаста аз марказ буданд ва ин омил то ҳол мушоҳида мешавад. Ин кишварҳо мехоҳанд зарфияти комуникатсионие, ки доранд на ба фоидаи умқи ҳамкорӣ, балки омили таъсиррасон ба кишварҳои дигар истифода баранд.

Бо назардошти таҷрибаи таърихӣ мо бояд иқрор шавем, ки ҳамгироӣ дар минтақаҳои пешрафтаи олам низ яку якбора ба вуҷуд наомадааст ва як марҳилаи гузаришро сипарӣ кардааст. Марҳилаи гузариш бо ихтилофҳои бевосита ва ҳатто дар марҳилаҳои муваффақ будани ҳамгироӣ ҳам манфиатҳои миллии баъзе кишварҳо боиси як халал дар ҳамкорӣ дар сатҳи минтақа ва қитъа низ мешуданд. Бо назардошти ин мо бояд эътироф намоем, ки воқеан кишварҳои минтақа бинобар мушкилоти зиёди порашавии Иттиҳоди Шӯравӣ, буҳронҳои иқтисодии зиёд, хатарҳои чи дохилӣ ва чи берунӣ кушиш карданд, ки дар оғоз як раванди худкифогии худро дар чаҳорчубаи сарҳадҳои миллӣ устувор кунанд. Дар ин самт баъзе болоравиҳо мушоҳида мешуданд.

Имрӯз мо вақте гуфтем, ки раванди Остона як марҳилаи навро оғоз кард ва як нигоҳи нав дар мушкилоти минтақавӣ ба назар мерасад, дар инҷо мо бояд ба як нукта тавваҷуҳ намоем. Худи ҳамин мулоқоти сарони давлатҳо хислати машваратӣ дорад, яъне имрӯз кишварҳои минтақа даъвои сохтани ягон механизми фарогир, даъвои якхела кардани ҳамаи қонунҳову меъёрҳои транзитиро надоранд ва аз ҷониби дигар, мо дар роҳи дуруст қарор дорем. Кишварҳо аллакай дарк карданд, ки дар тӯли қариб 28 соли истиқлолият ба чӣ мушкилот дучор омаданд ва танҳо усули дастаҷамъонаи ҳалли масъала метавонад мушкилоти кишварҳоро воқеъан бартараф кунад.

Аз ҷониби дигар маълум аст, ки Туркманистон аз соли 1995 аз равандҳои минтақавӣ тақрибан дар канор мондааст ва дар онҷо сиёсати дорои вижагиҳои хос амалӣ мешавад. Шояд дар баъзе маврид манфиатҳои умумиминтақавиро ба назар намегирад, вале бо назардошти баъзе омилҳо ва иқтидоре, ки дар ҳамкории минтақавӣ ба назар мерасад ва онро аксари муҳаққиқон эътироф мекунанд, умед дорем, ки Туркманистон низ ба ҳамин равандҳо тадриҷан ҷалб гашта, истифодаи омили комуникатсионӣ ва нақлиётӣ ҳамчун фишор аз байн меравад. Ва дар оянда ба омили мустаҳкам гаштани ҳамкорӣ ва афзоиши мубодилаи молу маҳсулот мусоидат мекунад.

Дар масъалаи асотирофарӣ, вақте ҳар як кишвар ба истиқлолият қадам гузошт, аввалан доираи илмии ин кишварҳо ба тавзеҳи Осиёи Марказӣ ва муаррифии давлати худ дар муносибатҳои байналхалқӣ пардохта, кишвари худро ҳамчун купруки асосии мутаҳидкунандаи Аврупову Осиё ва чорроҳаи гузариши Роҳи абрешиму ва ғайра муаррифӣ карданд. Дар ин замина бо назардошти он ки дар фазои Шӯравӣ як сиёсати русикунонӣ ва таъқиби арзишҳои миллӣ мерафт, кишварҳо барои дарёб кардани баъзе арзишҳои гӯё дар замони Шӯравӣ аз даст дода, ба таълифи босуръати асарҳо даст заданд, ки моҳияти асотириву афсонавӣ ва ҳатто хандаоварро касб кард.

Аз ҷониби дигар, бо назардошти он ки дар шароити ҷаҳонишавӣ танҳо миллатҳои қадимаву фарҳангӣ метавонанд боқӣ монанд, ба тарзи асотириофарӣ ва сунъӣ баланд бардоштани мақоми миллату халқиятҳои хеш даст зада шуд. Имрӯз дар фазои Осиёи Марказӣ як чизе, ки баъди раванди Остона ба назар мерасад ин як кӯшиши ҳалли дастаҷамъонаи мушкилоти илмӣ ва назариявӣ мебошад, ки дар ҳамоиши олимону коршиносон мушоҳида мешавад. Ин омил метавонад, ки дар вусъати ояндаи ҳамин асотирофарӣ як монеъаи ҷиддӣ шавад

Ҳамагон медонанд, ки бо як шакли васеъ дар Ӯзбекистон ва Қазоқистон лоиҳаҳои эҳёи меъроси фарҳангӣ ба роҳ монда шудаанд. Агар мо ба он дурусттар нигоҳ кунем, хусусан дар Тошканд дар Институти шарқшиносии он, китобхона ва бойгониҳои кишвар  он қадар маълумоту асарҳои пурарзише бо забони асли форсӣ-тоҷикӣ маҳфузанд, ки дар сурати таҳқиқи он боз ҳамон мақоми тамаддунофар ё шояд фарҳангсолории тоҷикон муайян мешавад. Барои ин албатта вақт лозим аст ва як қадами аввал, яъне кушода будани сарҳадҳо ва имконияти таҳқиқи ҳамин сарчашмаҳо байни доираҳои илмӣ ба вуҷуд омадааст. Дар сурати вусъати ҳамин ҳамкориҳо ва бахусус таваҷҷуҳи кишвари мо барои таҳқиқи сарчашмаҳое, ки имрӯз дар Тошканд ва Алмаато маҳфузанд ин ҳақиқати таърихӣ дубора рӯйи об мебарояд ва баъзе унсурҳои асотирофарӣ ва ҳангомаҷӯйӣ коҳиш меёбанд.

Шералӣ Ризоён: Равандҳо дар минтақа дар 3 соли охир нишон доданд, ки як идда пешфарзияҳои вуҷуддошта, ғайривоқеӣ будани худро собит намуданд. Як пешфарзияе вуҷуд дошт, ки масъалаи обу энергетика дар Осиёи Марказӣ омили бисёр шадиди низоъ ва рақобати байни кишварҳо аст. Албатта, асосан дар масъалаи обу энергетика баҳсҳои олимону коршиносон ва мавқеъгирии давлатҳо байни Ӯзбекистону Тоҷикистон вуҷуд дошт. Дар тӯли 2 соли охир мо мушоҳида менамоем, ки Ӯзбекистон ба харидори рақами яки барқи Тоҷикистон табдил ёфтааст. Яъне барои Ӯзбекистон хариди барқи Тоҷикистон дар фасли тобистону тирамоҳ бисёр муфид мебошад. Ҳатто дар ин ҷода дар даҳсолаҳои минбаъда бо назардошти барномаҳои дохилии рушди ин кишвар эҳтимол ниёзи онҳо ба барқ бисёр меафзояд. Ҳамчунин хабарҳо дар васоити ахбори омма дар барои бунёди 2 неругоҳи барқию обӣ дар дарёи Зарафшон паҳн шуда буд, ки ба пурраги барои эҳтиёҷоти Ӯзбекистон нигаронида шудааст ва дар ин самт корҳо ҷараён доранд.

Пешфарзияи дигар ин бадбинӣ ё хусумат байни мардумони давлатҳо аст ва тавре Шумо бисёр хуб зикр кардед, аз ҷониби коршиносони беруна ё марказҳои мушаххас офарида мешуд. Вале мо боз инро агар дар мисоли Тоҷикистону Ӯзбекистон мебинем, ки худи соли 2018 теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Ӯзбекистон рафтанд аз 1 миллион зиёд буд ва ҳамин теъдод шаҳрвандони ӯзбекистонӣ ба Тоҷикистон омаданд. Соли 2019 аз руйи омори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум мешавад, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон ба даҳгонаи сокинони давлатҳое ворид мешаванд, ки ба Тоҷикистон ҳамчун сайёҳ омаданд.

Нуктаи дигар ин эҳтимоли дар қаламрави давлатҳо ба роҳ мондани мубориза бо падидаҳои номатлуб аст. Албатта 5 сол пеш сиёсати давлатҳои минтақа нисбати пешгирии ифротгароиву терроризм гуногун буд, ҳатто феҳристи ягонаи ташкилотҳои экстремистиву террористиро надоштем. Ҳар як давлат ба таври алоҳидагӣ онро муайян мекард. Вале дар 2-3 соли охир мушоҳида мешавад, ки ҳамкориҳои бисёр ҷиддии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти махсус, артиш ба назар мерасад, ки ин бешубҳа барои баландшавии зарфияти мудофиавии маҷмӯъии минтақа ва худи давлатҳо дар алоҳидагӣ мусоидат менамояд.

Шумо ҳамчун нафаре, ки ба пажӯҳиши Осиёи Марказӣ машғул ҳастед, сатҳи минтақашиносӣ дар Тоҷикистонро чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед? Чи корҳо бояд анҷом расад, ки мо дар самти ҳифзу татбиқи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти Осиёи Марказӣ, бахусус боло бурдани зарфияти осиёимарказишиносӣ дар кишвари худ кадом иқдомҳоро рӯйи даст гирем?

Амриддин Шарифов: Фарзияҳои нодуруст, иғвоангез ва тафриқаангез, ки дар кишварҳо аз ҷониби баъзе гӯрӯҳҳои манфиатдор, марказҳои пажӯҳишӣ, институтҳои тадқиқотии хориҷӣ пешкаш мешуд, ба хотири пешгирии ваҳдат дар минтақа ва вобастагии он аз қудратҳои ҷаҳонӣ бо назардошти даст ёфтан ба зарфиятҳои табиӣ ва иқтидорҳои дигари он офарида шуда буданд. Дар ду консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолият то ҳол мақоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчун самти авлавиятноки сиёсати хориҷӣ эътироф шудааст. Ин нуқта дар ҳамаи суханрониҳои Пешвои миллат таъкид ва ишора мегардад.

Дар ин самт барои вусъат додани ҳамкориҳо ба хотири муайян кардани арзишҳои умумӣ ва ҳалли дастаҷаъонаи мушкилоте, ки дар рӯё рӯйи тамоми кишварҳои минтақа қарор дорад, якчанд корҳоро бояд ба анҷом расонд. Яке аз муҳимтарини ин корҳо ин тақвият додани иқтидори минтақашиносии ниҳодҳои илмӣ ва таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Яъне мо бе дарки дурусти мушкилоти минтақавӣ, бе дарки нозукӣ ва баъзе ҷанбаҳои хоси иҷтимоӣ, равонӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишварҳои минтақа наметавонем, роҳҳои ҳалли ҳамин мушкилиҳо ё самтҳои афзалиятноки ҳамкориро муайян намоем.

Шералӣ Ризоён: Дар Тоҷикистон ба назари Шумо осиёимарказишиносӣ бо ҷумлаи мутахасисону институтсионализатсия ва ғайра оё шакл гирифтааст ё дар ҳоли шаклгирӣ қарор дорад?

Амриддин Шарифов: Дар мо дар ҳоли шаклгирӣ агар гӯем қарор дорад, хато намекунем. Ҳарчанд имрӯз дар назди Академияи илмҳо, дар Донишгоҳи миллӣ, дар назди Маркази тадқиқоти стратегӣ, дар баъзе донишгоҳҳои олии кишвар самтҳои алоҳидаи омӯзиши ҳамкории Тоҷикистон, таърихи минтақа, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ба роҳ монда шудааст. Лекин ин самт ба як тақвияти сифатӣ ва таваҷҷуҳи коршиносӣ ва аз ҳама муҳим зиёд намудани маблағгузориҳо ва лоиҳаҳоро тақозо мекунад. Имрӯз дар ганҷинаи Маркази шарқшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 8000 санад ва китобҳое мавҷуданд, ки соли таълифи аксарияти онҳо ба ҳисоби миёна аз асри 14 то аввали асри 20-ро дарбар мегиранд. Дар маҷмӯъ, он замонеро дарбар мегиранд, ки дар минтақа як фазои ягонаи фарҳангӣ, илмӣ, забонӣ, коргузорӣ ва ҳатто институтсионаливу механизмӣ буд. Бигзор дар шаклҳои содда ҳам бошад ва аз ҷониби дигар мо таъкид кардем, ки сечанди чунин маълумотҳо дар осорхонаву ганҷинаҳои Тошканд маҳфуз аст, бяъне мо натанҳо ба меъроси фарҳангие, ки омили муттаҳидкунандаи минтақа буд таваҷҷуҳ кунем, балки ба роҳҳои нави вусъату амиқ намудани ҳамкориҳо дар шароити муосир бояд диќќат диҳем, ки барои ин ба назари ман таъсиси як пажуҳишгоҳи алоҳидаи Осиёи Марказӣ хеле муҳим аст. Ҳарчанд баъзе корҳо ҷараён доранд, баъзе таҳқиқоти воқеан арзишманд дар муассисаҳое, ки зикр кардем амалӣ шуда истодаанд ва амалӣ шуда буданд ва махсусан барои ин самт бо назардошти муҳим будани ин кишварҳо дар сиёсати дохиливу хориҷии мо зарур аст, ки ин зарфият тақвият дода шавад.

Шералӣ Ризоён: Дуруст аст, ки густариш ёфтани минтақашиносӣ, алалхусус шинохти вазъияти иқтисодию сиёсиву амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар алоҳидагӣ ва дар маҷмӯъ барои мо хеле муҳим аст. Бояд ҳам дар назди ниҳодҳои академиву таҳлилӣ ва дар назди ниҳодҳои таълимӣ ҳамингуна кор сурат гирад. Чунки ҳалқаи аввали ҳифзу татбиқи манфиатҳои миллиамон пурра ба Осиёи Марказӣ вобастагӣ дорад. Дар интиҳо мехостам як савол диҳам: дар дурнамои кутоҳмуддат ба назари Шумо Осиёи Марказӣ ва кишварҳои онро чи интизор аст?

Амриддин Шарифов: Агар мо баъзе таъсирҳое, ки имрӯз мушоҳида мешаванд, аз қабили вабо ва он равандҳое, ки дар минтақа ҷараён доштанд, ба инобат нагирем ва пешбинӣ намоем, пас дар дурнамо кишварҳои Осиёи Марказиро як раванди тадриҷии умқи ҳамкориҳо интизор аст. Ин бо назардошти омилҳои зиёде, ки номбар кардем дар минтақа оҳиста-оҳиста метавонад ба ташаккули як низоми хоси алоқаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ оварда расонад. Лекин дар ин самт корҳои зиёдеро бояд анҷом дод. Мо набояд зиёд хушбин ва руҳафтода (пессимист) бошем, чунки дар минтақа имрӯз ниҳодҳое фаъолият мекунанд, ки кишварҳои минтақаро дар алоҳидагӣ бо назардошти узвият дар ин ё он ниҳод метавонанд аз ҳам ҷудо намоянд. Масалан имрӯз Қазоқистон ва Қирғизистон аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошанд, ки бо назардошти баъзе воқеиятҳо дар байни кишварҳои минтақа метавонад як ҷудоӣ андозанд. Ё сиёсатӣ бетарафии Туркманистон ё имрӯз Ӯзбекистон то ҳол ҳатто дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ширкат надорад. Пас дурнамо хушбин аст, ягон ҷараёнҳои манфӣ дар назар нестанд, лекин барои ба воқеияти ҳақиқӣ табдил ёфтани ин хушбинӣ бояд ҳамкориро вусъат бахшида, дар масъалаҳои умумӣ як мавқею назари ягона ва зарурати ҳалли дастаҷамъонаи ҳамин мушкилотро ҳамчун як принсипи асосии умқи ҳамкорӣ қарор дод.

Сӯҳбати мазкур 8 апрели соли 2020 дар барномаи

“Нигоҳи нав”-и Радиои Тоҷикистон пахш гардида,

аз ҷониби Шоҳрух Шарипов ба матн баргардонида шудааст.