Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз аз замони ба даст овардани Истиқлолияти  авлатиаш зери заррабинии кишварҳои манфиатдор дар минтақа буду ҳаст. Ва дар баробари ноил шудан ба он ҳамчун майдони таҷриба барои ҷанг аз ҷониби баъзе кишварҳо мавриди озмоиш қарор гирифту дар миёни мардуми тоҷик тухми  кина афканд, ҷанги таҳмилӣ ба миён омад. Бо гузашти солҳо байни ду ҷониб сулҳ ба миён омаду соли 1997 шиддати ин мухолифатҳо аз байн рафту Тоҷикистон дар сархати расонаҳои дохилу хориҷ қарор гирифт. Сулҳи тоҷикон намуна гардид. Вале баъд аз чанд сол ҳасодати чанд кишвари манфиатхоҳ дубора  боиси алангаи  шўълаи оташи ин ҷанг гашт. Роҳбарони ягона ҳизби исломӣ дар минатақа ба таъбири коршиносон, ки аз аввал ба ин сулҳ розӣ набуданд, бо сабабҳои мухталиф аз кишвар ба хориҷ рахти сафар баста, мавқеъи худро сад дар сад иваз намуданд. Ҳамзамон бо ташкили чанд созмону ташкилоти мухолиф новобаста аз теъдоди андаки  аъзоёнашон  бар зидди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълони ҷанги расонаиро эҷод намуданд, ки вақтҳои охир дар фазои иҷтимоӣ зиёд ба назар мерасад.

Чун тўли чанд муддат ин доду бедодиро мушоҳида дорам, натавонистам  ҳамчун шаҳрванд аз ин моҷаро бетараф бошам. Нахуст инро бояд гуфт, ки дар баробари тамоми шахсони ба истилоҳ ранҷида аз Ҳукумати Тоҷикистон бештарин нафароне, ки боиси хушҳолии душманони Тоҷикистон мегарданд, ин Муҳиддин Кабирӣ – раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнўъи наҳзати исломӣ,  Шарофиддин Гадоев – муовини ПМТ, М.Садриддин ва Н. Ризоиро мушоҳида кардам, ки  қудрату тавоноии Тоҷикистону мардуми онро бепарда оҷиз нишон доданӣ мешаванд.

Чанде аз ин наворҳоро дида ба чунин хулоса омадам, ки ҳадаф аз ин доду афғон танҳо ба даст овардани як чиз будаст ва он ҳам ҳокимияти давлат. Барои мисол, тариқи  ҳамин гуна як навор Шарофиддин Гадоев бо вакили мардумӣ Сайидҷаъфар Усмонов, ки раиси Ҳизби Демократии Тоҷикистон ҳам ҳаст, мусоҳиба мекард, зери қазоват қарор додам, ки  тамаркузи аслӣ рўйи қазияи қарзи Чин ба Тоҷикистон ва паёомадҳои он ба ояндаи кишвар буд. Аз як ҷониб ҳангоми суолгузорӣ ҳар шахсе, ки аз вазъ огаҳ набошад, фикр мекунад, ки дар ҳақиқат ҳақ ҷониби мухолиф аст, вале зимни таҳлили муҳтавои ин мусоҳиба бараъло дарк кардан мумкин аст, ки наметавон дигар паҳлўи масъаларо сарфи назар кард.

Дар дақиқаҳои аввали ин мусохиба, ки 4 моҳ пеш дар Ютуб гузошта шудааст, ҷониби Шарофиддин Гадоев аз пешниҳоди қарз аз ҷониби кишвари Чин ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда, ба он муттаҳам менамояд, ки Чин фақат ва фақат дар лоиҳаҳое, ки ба рушди иқтисод мусоидат кунад,  ба мисли заводу фабрикаҳо ба Тоҷикистон қарз намедиҳад ва танҳо маҳдуд ба лоиҳаҳое монанди Осорхонаву Китобхонаву театру ва ғайраҳо мебошад, ки  ҳадафмандона кишвари моро қарздор мекунад.  Сипас ба зеҳнам чунин расид, ки чаро Шарофиддин Гадоев аз сохтмони Маркази Барқии Гармидиҳии Душанбе  сухан намегўяд?  Охир ҳамин Марказ буд, ки соли 2014 ба истифода дода шуду маҳдудиятҳои барқ тадриҷан дар кишвар аз байн рафт.

Чаро Шарофиддин Гадоев аз лоиҳаҳои шоҳроҳҳо ва автомобилгарди кишвар, ки Тоҷикистонро пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баровард, сухан намегўяд?

Чаро Шарофиддин Гадоев аз бунёди чандин заводи семент ба мисли  «Хуаксин Семент», «Мохир Семент» ва  гачу оҳаку ва ғайраҳои дигар намегўяд?

Чаро намегўяд, ки бунёди ҳамингуна коргоҳҳо Тоҷикистонро, ки воридкунандаи сементу дигар маводи сохтмонӣ аз кишварҳои Эрону Покистон ва Қазоқистону Руссия буд ва ба як кишвари содиркунандаи ин навъи маводи сохтмонӣ ба кишварҳои Афғонистону Ўзбекистон Қирғизистону дигар кишварҳои минтақа табдил дод?

Магар Шарофиддин Гадоев аз ин паҳлуи масъала хабар надорад?

Ё корхонаи сементаброриро завод гуфтан дуруст нест? Шояд дар мавриди фаъолияти коргоҳи коркарди тилло “Покруд”Гадоев хабар надорад? Ва ҳамчунин бунёди заводҳои хурду миёнаи дигарро метавон ном бурд, ки дар баробари онҳо суханони  Шарофиддин Гадоев комилан ғалат аст. Агар ин ҳама гуфтаҳо ва суханбозиҳои Шарофиддин Гадоевро ба мизони ақл баркашед, ғайр аз иғвоангезӣ ва кинаю кудурат маънии дигар наметавон бардошт.

Инчунин, дар баробари гуфтори иғвоангези Шарофиддин Гадоев суҳбати Муҳиддин Кабириро низ дар Ютуб гузоштаанд, ки дидани он ҳар як фарди ватандўстро бетараф гузошта наметавонад.

Дар миёни ин масъалаҳо чанд нуктаи ҷолиби диққат буд, ки Кабирӣ ҳангоми ҷавоб ба саволи яке аз мухотабин, мегуяд: “ Ҳукумати нав, ки омад, бояд дар сад рўзи аввали фаъолияташ ба мардум ҳисобот диҳад”. Ў тарзе ҷавоби суолро матраҳ менамуд, ки гўё аслан ба қудрат омадану садрнишинии ҳукумат буданро хоҳиш надорад. Аммо, дар давоми суханрониҳои худ бараъло мегуяд, ки: «Паймони Миллии Тоҷикистон»-хукумати мардумӣ вақте, ки омад( манзур сари ҳокимият) сари роҳи тамоми хароҷотҳоро мегирад ва ҳамаи онро равона мекунад барои сохтани корхона ва эҷоди ҷойи кор  ва ғайра“. Баъд аз ин гуфтаҳо яқин мешавад, ки тамоми аҳдофу афкори ин шахс равона шуда аст ба як инқилоби сар то сарӣ ва ба даст оварадани ҳокимият.

Мавзўи  дигаре, ки дар ин навор масъалагузорӣ шудааст он изҳори нигаронии М.Кабирӣ аз вайрон намудани биноҳои даврони шуравӣ ва бунёди биноҳои баландошёнаву тағйири ҳукумату ва ғайраҳо.

Ҳамзамон аз бо ном бурдани чанд нафар аз роҳбарони собиқи чанд кишвар ба монанди Алмосбек Атомбоев ва Михаил  Саакашвилӣ ба унвони роҳбарони намуна дар Қирғизистон ва Гурҷистон мисол меораду мегўяд, мардум инҳоро ҳимоя мекарданду дар паҳлўяшон буданд.

Намедонам чӣ ҷавоб бояд гуфт, ки  магар Михаил Саакашвилӣ моҳи ноябри соли 2013 ҳатто муҳлати президентиаш нагузашта, аз Гурҷистон гурехта ба Украина паноҳ набурд? Ё Кабирӣ хабар надорад, ки Прокуратураи Гурҷистон бар зидди Михаил Саакашвилӣ бо гуноҳи пулшўӣ парвандаи ҷиноӣ кушода, соли 2014 суди Тибилисӣ ўро дар ғайбаш ба ҳабс маҳкум кард.

Алмосбек Атомбоев бошад, баъд аз бармало гаштани ҷиноятҳои пай дар паяш наҷоти худро дар бетартибиҳои оммавӣ диду хулоса роҳии зиндон гардид. Агар мардум дар паҳлўи ў мебуданд, бовар набуд, ки ба ин осонӣ роҳии зиндон гардад.

Ба “ҷаноби” Кабирӣ гуфтаниям, ки мардумро гумроҳ нанамуда онҳоро ба ҳоли худашон гузорад. Ҳамин бемории коронавирус нишон дод, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ куҷо барои мардуми тоҷик беҳтар аз Тоҷикистон нест. Онҳоро ба таҳрик даровардан ва оқибат ба маҳкама тела додан кори оқилона нест. Дар ҳамин чанд дақиқа баромадаш Кабирӣ даҳҳо бор аз номи Худову Паёмбар иқтибос оварда, суханонашро тавзеҳ карданӣ шуд. Ҳар лаҳза онҳоро талқин мекард, ки тақдири миллат дар дасти худаш ҳаст, шумо метавонед ҳукуматро тағйир диҳед. Охир ин чӣ шакли даъват ва он ҳам дорои характери ҷиноӣ.  Агар зуд-зуд  тағйири Президент дар пешрафти кишварҳо нақше медошт, имрўз бояд Қирғизистон Парижи Осиёи Марказӣ мегардид. Аммо, на ин, ки нагардид балки бовар надорам, ки ба мисли Тоҷикистони имрўз ҳадди ақал симои соҳибистиқлолӣ дар он ба назар расад.

Ба ин ду фард гуфтаниам: як бор ба худ биёед! Магар ҳамин даъватҳои шумо сабаб нашуда буданд, ки чандин нафар аз зиндагиву зану фарзанд ҷудо гардиданд. Агар шумо ин қадар қудрат медоштед, ҳамин чанд нафар, ки бо шумо шояд дар баъзан масъалаҳо назари ҳамсон доштанд аз шумо намерамиданду мавриди сарзаниш онҳо қарор намегирифтед. Пас чи гуна шумо, ки тавони сарҷамъ кардани ҳудудан даҳ нафари “ равшанфикр”-ро агар ин таъбир дуруст бошад ба мисли Додоҷон Атоуллоев надоред? Пас чи тавр як миллати ҳудуди 10 миллионаро, ки миллионҳо диду андешаи гуногун доранд ба ҳам меоварда бошед?  Ҳамчунин ба ҳаммаслакону «балегўяк»-ҳои онҳо гуфтаниям, ки агар кори неке барои миллат карда наметавонед, пас лоақал хомўш бошед. Аз дур истодану санг партофтан оини ҷавонмардӣ нест.

Охир чи гуна метавонед, теша бар решаи худ занед? Чи гуна метавонед ба модару зану фарзандон ва дигар пайвандони худ, ки дар хоки муқаддаси Тоҷикистонанд зулм намоед?  Оне, ки ба ин корҳо қодир, аст набояд номи инсониро дошта бошад. Ва ҷойи ў дар сафи одамони соҳибақл нест.

Дар хусуси баромадҳои дигар нафарони зодаи чунин андешаҳо низ суханон бисёранд, вале бо сабаби дарозии мавзўъ ба ҳамин иктифо намудем.

 

         Ҳомидов Мирзоалӣ,

Рўзноманигор