“Фарҳанг”


Радиои «Фарҳанг» 5 ноябри соли 2008 аз тарафи директори вақти радио журналистӣ варзида, Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар асоси маводҳои «Хазинаи тилло»-ии радио созмон ёфта, сармуҳаррири нахустини он коргардон, ровии хушсадо Хайрулло Иброҳимов буд. Шурўъ аз соли 2013 роҳбарии он ба зиммаи номзади илмҳои таърих, фарҳангшинос, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Ҷонибек Асрориён афтод. Дар радио кормандони таҷрибадор гирд омадаанд, ки хушқаламу фаъоланд ва ба истилоҳ имиҷи журналистӣ ва андешаву ҳарфи гуфтание доранд. Дар муҳити эчодии шабака фазои солими кору фаъолият ба танзим омадааст ва рўз то рўз тарзи таҳияву пешниҳоди барномаҳо дар радио қабои дигар ба бар мекунад ва доираи шунаванда аз қишрҳои гуногуни ҷомеа меафзояд.
Соли 2018 озмун – пурсише, ки аз тарафи ҳафтаномаи «Миллат» гузаронида шуд радиои «Фарҳанг» унвони «Радиои сол»-ро шарафёб шуд. Дар радио бевосита заҳмату талош, ҷустуҷўву тозакориҳо ва нақши рўзноманигорони собиқадору варзида Алихон Зарифӣ, Саодат Азораева, Баҳринисо Маҷидова, Гулистон Каримова, Махфират Зарипова, Маҷид Салим, Убайдулло Акрамзода, Инобати Икром, Файзиддин Қодиров, Ҳабибулло Урунбоев, Бунафша Идибекова, Фарзона Тоҳирова, Хиромон Неъматова, Зубайдова Шамсия, Рашидова Зарина, Авазова Малика, Қутбия Икромова, Аҳмадова Хайрӣ, Маҳбуба Мамадназарова, Талбакова Ҳафизамоҳ, Муродова Низора, Наҷмиддинова Умринисо, роҳбари гурўҳи эҷодӣ Ҷонибек Асрориён ва ҷамъи коргардонҳои соҳибкасб ба мисли Зубайдуллои Ҷонмаҳмад, Мавҷигули Юсуф, Парвиз Воҳидов ва Даврон Соҳибзода, муназзимони овоз Барно ва Махфират Носироваҳо, Нигинаи Хайрулло шоистаи таҳсин аст. Радиоро робитаи мутақобила ва эҳсоси эҳтиёҷу талаботи шунаванда зинда медорад. Шунаванда радиоро на баёнгари арзу ниёз, балки дўсти содиқ ва меҳрубон мепазирад. Таҳрикҳои тозаи эҷодӣ, муносибати самимона ва роҳнамоӣ тассалоӣ дили мардуми оддӣ мегардад. Таҳияи барномаҳо бо назардошти синну сол, ақида, мафкураи шунаванда боиси афзудани шумораи муштоқони радио мегардад.
Радиомарафон таҳти унвони «Фарҳанги сахо» соли 2018 бахшида ба Наврўзи байналмиллаӣ дар ҳаҷми 8 соат мустақиман бо иштироки меҳмонон аз гўшаву канори ҷумҳурӣ, мусоҳибони касбу кори гуногун, иштирокчиёну ғолибони радиоозмуни «Пайки баҳор» ва ба ин васила дар рўзҳои наврўзӣ шод гардонидани бачагони бепарастор таҷрибаи наву тозае буд дар фаъолияти радио.
Шабакаи «Фарҳанг» аз рўйи низомнома ва реҷаи ба худ хос бо қувваи эҷодии 24-нафараи худ фаъолияти пурсамари эҷодӣ доранд, дар роҳи шинохти арзишҳои миллӣ ва таҳкими ғояҳои пурмуҳтавои фарҳангӣ ва давлатдории миллӣ. Барномаҳои фархангӣ – фарогатӣ, адабӣ, тафреҳию таҳлилӣ ва озмунӣ ҳамарўза руйи мавҷи сартосарии 106, 5 FM дар хизмати аҳли завқанд. Барномаҳои радио фарогири сиёсати фарҳангии кишвар буда, набзи замонанд, аз дарду доғ, аз мушкилоту пешравиҳо, аз нишасту конфронсҳои илмию адабӣ аз чорабиниҳои бошукўҳи фарҳангӣ ва раванди созандагию ободкориҳои ҷомеаи муосир банду баст мешаванд.
Айни ҳол шумораи барномаҳои оригиналии шабакаи «Фарҳанг» ба 30 номгўй мерасад ва ҳар кадоме бо шакл ва услуби хоса, ба мавҷ мебароянд. Агар барномаи «Оинадори нур» (муалиффи лоиҳа Ҷ. Асрориён) бо бахшҳои «Рози чархи кабуд», «Андарзи пирони маърифат», Китобхонаи радиои «Фарҳанг», «Маслиҳати муфид» ва «Фарҳанги забони тоҷикӣ» дар оғози рўзи нав ба шунавандагон сафою шодбошӣ ва фароғату болидарўҳӣ ато фармояд, «Садои андеша» (муҳаррири варзида Г. Каримова) бо мавзўъҳои рўзмарра, таҳлилию маърифатӣ, мушкилоти ҷомеа ва роҳҳои ҳалли онҳо, зимни мусоҳибаву суҳбатҳо бо масъулини дахлдор таҳия мешавад, шунавадаҳо ба садҳо суолҳои хеш дар робита ба мавзўъ аз меҳмонони барнома посух мегиранд.

Паҳлуи дигари самти фаъолияту эҷоди радиои «Фарҳанг» пешниҳоди барномаҳои озмунӣ мебошад. Барномаи озмунии «Пайрав», «Пайки баҳор», Радиомарафон вобаста ба ҷашни байналмиллалии Наврўз, Рўзи модар, Меҳргон, Шаби ялдо, Садда барномаҳои калонҳаҷми пурмўҳтаво доир ба иду ҷашнҳои тақвимӣ буда, ролику ҷинглҳои шавқовар вобаста ба ҳама идҳои бошукўҳи давлатӣ бо садои ровиёни хушсадо таҳия мешаванд. Озмуни «Пайрав» ба ёди ҳунармандони мумтоз Зафар Нозимов, Одина Ҳошимов ва Дўстмурод Алиев аз моҳи январ то ноябри соли 2015 бештар аз 200 нафар пайравони сабки абармардонро гирд овард. Озмун дар нишон додани сабк ва равияи хоси ҳунармандони маъруф саҳми беандоза дошт.