Идораи барномаҳои ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳӣ

Таърихи қариб якасраи Радиои Тоҷикистон дар ташаккули афкори ҷомеа нақши босазо доштаву дорад. Аз соли 1930 то имрўз яке аз расонаи муҳимтарин ва таъсиррасонандатарин дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум арзёбӣ мегардад, зеро дар замони Шўравӣ сартосари кишварро радиоҳои узелӣ фаро мегирифту мардум алоқамандии зиёде ба радио доштанд. Ба хусус идораи барномаҳои «Адабӣ» ва «Ҷавонон ва наврасон»-и Радиои Точикистон, ки баъдан бо чандин номҳо аз зумраи «Фархангӣ-фароғатӣ» табдили ном карда буд, қабл аз он, ҳанўз аз солҳои 1986 идора бо унвони «Гуфторҳо барои ҷавонон ва кўдакон» фаъолият мекард, бидуни муболиға шунавандаҳои зиёде дошт. Дар ҳоли хозир идора ба «Идораи барномаҳои ҷавонӣ, варзиш ва саёҳӣ» тағйири ном кардааст.

Агар аз зовияи таърихи фаъолияти идораи барномаҳои «Ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳӣ» бингарем, чандин журналистон ва адибони шинохта ба ҳайси сармуҳаррири идораи мазкур фаъолият карда, дар расонидани хабарҳои оҷилу саривактӣ, дар тарғиби фарҳангу барномаҳои тафреҳӣ, маърифатию омўзишӣ дар байни мардум хизмат намудаанд. Аз зумраи чунин сармуҳаррирони он замон Мирзошоҳрух Асрорӣ буд, ки имрўз ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эхёи Тоҷикистон фаъолият мекунад. Ў замони уҳдадории вазифаашро нек арзёбӣ карда, таасуротҳои зебову ҷолиб дорад.

Бо тамоми қувваву нерўи эҷодӣ ва рақобати солим кормандон барнома таҳия мекарданд. Масъулият ва завқи беандозаи ҷавонон буд, ки барномаҳои идораи «Ҷавонон ва наврасон» ҳадафрасу сершунаванда буда, номаҳои бешумори онхо ҳаррўза ба дасти мо мерасид, ё  шунавандаҳо ба ин даргоҳ рў меоварданд. Агар иддае барои мушкилоташ дар ин даргоҳ роҳи ҳал меҷуст, зумраи дигар барои аз наздик ошноӣ бо таҳиягарони барномаҳо қадам ранча мекарданд, ки ин барои мо дар кори эҷодӣ рўҳия нав мебахшид.

Он замон кор мушкилот ва печидагиҳои зиёд дошт. Дастгоҳҳои сабти овоз, диктафон ва дастгоҳҳои пахш ба воситаи фиттаю лента буд, таҳияи як барнома заҳмат ва вақти зиёдро талаб мекард. Ҳаҷми барномаҳо 45-50 дақиқаро ташкил медод. Бо вуҷуди чунин мушкилиҳо муҳаррирони барномаҳо завқ ва масъулияти баланд доштанд. Ба гушаҳои дурдасти кишвар зиёд сафар мекунем, мардуми синну солашон калон аз барномаҳо ҳанўз ҳам ёдовар мешаванд. Боиси тазаккур аст, ки мардум радиоро зиёд дўст медоранд, зеро радио ҳамдарду ҳамдили онҳо ҳаст, буд ва мемонад.

То имрўз барномаи «Гуфтугўи ошкоро», ки он даврон теъдоди мухлисонаш бешумор буд, дар зеҳни мардум боқӣ мондааст. Ва дар зимн, бояд инро қайд намуд, ки он замон дар саросари кишвар насими бозсозӣ вазида буд, корҳои бозсозӣ дар ҳама соҳаҳо ҷараён дошт, ки ба идеология низ таъсири бевоситаи худро мерасонд. Мо низ барои тарғиби идеология ва ҳифзи мавқеи он мавзўъҳои рўзро пайгирӣ карда, мардумро дар ҷараёни корҳои бозсозӣ мегузоштем.

Дар баробари мушкилоти корӣ, мушкилоти сиёсӣ низ мавҷуд буд, аммо ҷавонони боистеъдоду заковатманд ва ҷўяндаву навовар, монанди Саидмурод Ёриён, Нуъмон Низомӣ, Михаиль Ивашинка, Людмила Краптсова ва дигарон (Дар идора 12 нафар корманд фаъолият мекард) ба кор ҷалб гардида буданд, бо маҳорати баланди рўзноманигорӣ дар кори хеш муваффақ буданд. Барномаи «Насими айём», мавзўъҳои иқтисодӣ, барномаи «Афкор» вобаста ба масоили сиёсӣ, барномаи «Дар суҳбати дўстон», инчунин як соат барнома барои кишоварзон ҳар рўз таҳия ва пешниҳод мегардид.

Дар соли 1988 роҳбарии идораи мазкурро Сафаргул Олимӣ ба уҳда гирифта, фаъолияти худро аз тағйир додани номи идора шурўъ кард. Идораи «Ҷавонон ва наврасон» бо номи идораи «Гуфторҳо барои ҷавонон ва наврасон» табдил меёбад. Зеро барномаҳо на танҳо аз ҳаёти наврсону кўдакон таҳия мегардиданд, балки мушкилот ва пешравии кору рўзгори ҷавононро низ дар бар мегирифтанд. Дар ин давра кашмакашиҳои сиёсиву нобасомониҳои мардум сар зад.

Ҷумъаи Мирзо, Зиёзода Фаррух, Чаманорои Холиқ, Шаҳлои Насриддин, Моҳшарифи Холиқ, Асҳобиддин Сунатӣ, Асхоби Юсуф ва чандини дигар, ки имрўз низ дар ҳамин даргоҳ фаъолият мекунанду муваффақ ҳам ҳастанд, аз гурўҳи кории идора буданд. Маъмурияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иқдоми хеле наҷиберо роҳандозӣ намуда буд, ки он замон кормандони идораро барои таҷриба андухтан бештар ба хориҷи кишвар мефиристоданд, то аз таҷрибаи дигар кишварҳои пешрафта омўзанд ва сабку услуби наву ҳадафрасро дар барномаҳои хеш ҷорӣ намоянд. Бо чунин шеваи кор барномаҳо рўз ба рўз қолаби ҷадидро касб карда, журналистони радио бо ҷаҳонбинии нав ва услуби тозаи нигориш барномаҳо таҳия ва пешниҳоди шунаванда мекарданд.  Барномаҳои фарҳангӣ-тафреҳӣ ва маърифатии «Пайванд», «Падида» «Ҳамроз» «Сипари Ватан», «Навниҳолон» «Ман ҷавонам», дар риштаи мавзўъҳои муҳим, монанди садоқат ба Ватан, худшиносию худогоҳӣ, илму маърифат, ҳунаромўзиву расму оин таваҷҷуҳ ба китобу мактаб таҳия мегардиданд, ки ҳазорҳо шунаванда дошт. Мухлисони барномахо алокамандиву робитаи хешро ба воситаи мактубҳои бешумор побарҷо нигоҳ медоштанд. Дар он даврони пурсўзи мардум барномаи овозадори «Хоки ватан» барои онҳое, ки аз наздиконашон хабару паёме надоштанд, хизмати босазое мекард. Аз ҳолу аҳволи ҳамдигар огоҳ гардида, ба наздикону пайвандони эшон мужда мерасонд. Саҳми барномаи «Хоки Ватан» дар байни мардум бидуни муболиға калон арзёбӣ гардидааст, ки инро коршиносони дохилию хориҷӣ низ эътироф кардаанд.

Фирузаи Саид журналисти шинохтаи Радиои «Тоҷикистон» замоне ба идораи мазкур ба ҳайси сармухаррир омад, ки алакай нобасомониҳо хотима ёфтаву мардум ба иттиҳод мерасиданд.

Ў бо идеяҳои наву тоза, бо пешниҳоду талаботи қолабшикан ба идораи «Ҷавонон ва наврасон» гом ниҳод. Аз ҳар корманд, тарзи навтарин, усули тозатарини барномасозиву лоиҳанигориро тақозо мекард. Бо чунин шеваи коргузорӣ зеҳни ҷавононро такони нав ва ҷасорату матонати онҳоро қувваи тоза бахшид. Дастаҷамъона дар идораи мазкур кормандон бо қалам, идрок ва ҷасорати хеш аз мавзўъҳову масъалаҳои мубрам ба монанди таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ, ҳифз намудани истиқлолияти давлатӣ, тарбияи ватанпарастии чавонону наврасон, маориф ва тандурустӣ, фарҳангу таъриху тамаддуни точик, бародарию рафоқат барномаҳо омода гардида ба самъи шунаванда мерасиданд. Зеро, он замон нав ҷанги таҳмилии сиёсӣ поён ёфта буду аксаран зери идеологияи бегона бори миннат кашидаву аксаран ба дарки мафҳумҳое чун Ватан ва ҳифзи нангу ном, худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи сулҳу суббот чандон таваҷҷуҳ намекарданд. Ниёзмандиҳо ба чунин мавзўъҳо бештар буд, то мардум ба вожаи муққаддаси «миллат» арҷ гузоранд. Ҳайати кории идора аз 10-нафар иборат буд. Ҷумъаи Мирзо, Ҷалолиддин Садриддинов, Нозирҷон Бўриев, Аюби Хуҷамқул, Шаҳлои Насриддин, Чаманорои Холик ва дигарон тими кории идораро ташкил медод.

Муҳаррири дигаре, ки дар идораи мазкур фаъолият кардааст, рўзноманигори шинохта Ҷумъаи Мирзо мебошад, ки аввалин барномаи пешниҳодкардаашро бо номи «Мо забони Ильичро меомўзем» ба хотир оварда гуфт, ки ҳадафи ин барнома ҷалби кўдакону наврасон ба омўзиши забони русӣ буд. «Дар чорсу», «Аз ҳаёти деҳот», «Пайванд», «Падида» ва «Ҳамроз» сершунавандатирин барномахои он даврон маҳсуб меёфтанд. Таҳияи барномаи «Пайванд» низ ба дўши ҷавони пурҷасорату навовар Ҷумъаи Мирзо буда, соли 1993 ў лоиҳаи навро бо номи «Ҷавоно, сар матоб аз панди пирон» пешниҳод мекунад, ки ин барномаи панду ахлоқӣ низ дар як муддати кутоҳ мухлисони зиёди худро пайдо кардааст. Барномаҳои «Ворисон», «Чеҳра» ва «Сулола» ҳамчун муарифгарони ворисони илму адаб, чеҳраҳои фарҳангу адаби миллат ва дар ташаккули афкори созандаи онҳо нақши муҳим доранд.

Дар сифатнокӣ ва банду басти барномаҳои радиоӣ нақш ва саҳми коргардон бузург арзёбӣ мегардад. Бахусус дар замоне, ки дастгоҳҳои техникӣ бо лентаю фитта барои ҳар коргардон  мушкили дигар эҷод мекард. Бояд инро кайд намуд, ки яке аз коргардонҳои таҷрибаандўхта дар идораи ҷавонӣ Асҳоби Юсуф аст. Ў аз соли 1987 то инҷониб ин касби нозуку на танҳо заҳматталаб, балки маҳоратталабро бар дўш дорад. Нақши Асҳоби Юсуф дар таҳияи барномахои «Ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳӣ» калон аст.

Соли 2006 директори нави Радио Абдуқодири Абдуқаҳҳор номи идораҳои «Адабӣ» ва «Ҷавонон ва наврасон»-ро ба идораи «Фарҳангӣ-фароғатӣ» тағйир дод ва Заъфарон Муҳаббатова сармуҳаррири ин идораро бар дўш гирифт, Барномаҳо шакл, қолаб ва мазмунан дигар гашта, бештар ҷанбаи маърифативу омўзишӣ ва тафреҳӣ пайдо карданд. Соли 2015 идора бо пешниҳоди директори вақти радиои Тоҷикистон Ализода Абудрашид идораи «Фарҳангӣ-фароғатӣ» ба «Ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳӣ» тағйири ном кард. Теъдоди кормандон дар ин давра ба 25 нафар расид. Сабк ва услуби барномаҳо низ то андозае дигаргун шуда, дар радифи барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ, барномаҳои таҳлилӣ вобаста ба рўзгори ҷавонон бештар шуд.

Барномаҳои «Ҷавонон ва ҷомеа», «Дунёи сарбоз», «Ҳамзамон», «Меҳвар», «Маърифат», «Этикет» ва «Дилошно» инъикосгари ҳаёти ҷавонону наврасон буда бо фаргирии мавзўъҳои рўз омода ва пешниҳод мешаванд.

Масъалагузорӣ бештар дар мавзўъҳои омўзиши фанҳои дақиқ, ихтироъкории ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, фаъолгардонӣ ва мутобиқати ҷавонон ба талаботи ҷомеаи муосир, сиёсати давлатии ҷавонон, ватанпарастиву худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва фарҳангӣ миллӣ, мушкилоти бекории ҷавонон ва дигар паҳлўҳои таъмини шароити мусоиди зиндагии ҷавонон мавриди муҳокимаи коршиносон, таҳлилгарон ва масъулини сохторҳои дахлдор гардида, пешниҳоди шунаванда мегардад.

Дар самти сайёҳӣ, барномаҳои «Радиосайёҳат» ва «Анвори ҳунар» таҳия мешавад, ки дар ин барномаҳо пайваста роҷеъ ба пахлуҳои гуногуни соҳаи мазкур мутахасисону коршиносон ҷалб карда мешаванд. Аз ҷумла дар барномаҳо мавзўъҳои

–тайёр кардани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ,

–баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ,

–фароҳам овардани шароит барои рушди туризм,

–муаррифии сайёҳон бо расму оини гузаштагон,

–меҳмоннавозӣ, дастархонороӣ, хурокҳои миллӣ,

–ошнои бо китобхона, осорхона, тарабхона ва санъату ҳунарҳои мардумӣ мавриди баррасии мутаххасисон қарор дода мешавад.

Баҳри ҳаёти солим ва ба варзиш рў овардани ҷавонону наврасон барномаҳои «Майдони сабз», “Ҷаҳони футбол” ва “Рўйдодҳои варзишӣ” омода мешаванд.

Имруз ҳайати эҷодии идораи «Ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳӣ» бо сармуҳарририи Ҳусейн Ҳасанов дар як ҳафта 26 барнома ба самъи шунаванда расонида, дар ташаккули афкори созанда саҳм мегузоранд. Исфандиёр Носиров, Фирузаи Шариф, Ҷамила Ҷамолова, Наҳтутии Муҳаммадюсуф, Гулрухсори Раҳим, Фарзонаи Муҳаммадӣ, Моҳираи Ашўрали, Бунафша Сафархонова, Ситора Шарифова мухаррирони таҷрибаандухта ва фаъолони идора мебошанд, ки бо барномаҳои зебову рангини хеш ба дили шунаванда роҳ ёфтаанд. Дар ин баробар ҷавононе дар идора фаъолият доранд, ки бо сабку услуби хосса ва таҳияи барномаҳои шуниданӣ муваффақ гаштаанд. Бештари муҳаррирони ҷавони идора навҷую навовар буда, дар пайгири мавзўъҳои ватандўстию ватанпарастӣ, илмомўзию равшанфикрӣ, худшиносию худогоҳӣ, матонату ҷасорат, ғолибияту муваффақият, дар маҷмуъ тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷавонони кишвар, саҳм доранд.