Идораи барномаҳои иттилоотӣ

Яке аз аввалин шуъбаи мустақиле, ки дар Радиои “Тоҷикистон” таъсис ёфтааст, ин шуъбаи иттилоотӣ мебошад».Тибқи нишондоди сарчашмаҳои гуногун ахбор «ҳамчун шуъбаи алоҳида соли 1954 ташкил шуд ва соли 1959 ба шакли саридора (сарредаксия) арзи вуҷуд кард» . Баъди ташкил шудани саридора доманаи фаъолияти кормандони он васеъ гардида, бо истифода аз жанрҳои хабару гузориш, мусоҳиба ва мухбирнома аз гўшаву канори Тоҷикистон маводи зиёд гирдоварӣ шуда, ба аудитория пешниҳод мешуд. Дар хусуси навгониҳои кишварҳои умумииттифоқ низ хабару гузоришҳо шунавонида мешудааст, ки сарчашмаҳои дастрасӣ ба он асосан Агентии иттилоотии «ТоҷикТА» ва маводи радиоҳои аз Маскав пахшшаванда ба шумор мерафт.

Дар солҳои сиюм дар Радиои Тоҷикистон барномаҳо бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ пахш мешуданд. Табиист, ки дар ҳамаи ВАО бо забонҳои маъмул, пеш аз ҳама, нашрҳои хабарӣ роҳандозӣ мегарданд. Баъдан, махсусан, дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ барномаи «Ахбор» нақши ниҳоят муҳим пайдо кард. То ҳадде ки мардум ҳар нашри ин барномаро интизор шуда, дар назди радиоузелҳо ба таври дастаҷамъона ва бо диққати том гўш медоданд. Мавзўи барномаҳо, аз ҷумла нашрҳои иттилоотӣ дар он рўзҳо асосан ба воқеаҳои мудҳиши замон, хабарҳои рўҳияи ҳарбию ватандўстӣ дошта бахшида шуда буданд.

Дар солҳои 60-ум бо беҳтар шудани шароити техникӣ дар радио имконоти фарогирии минтақаҳо барои инъикоси саривақтии воқеоти муҳим бештар мегардад. Теъдоди нашрҳои барномаҳои иттилоотӣ ҳам ба маротиб афзуда, тибқи нишондоди муаллифони китоби “Парвози сухан” дар ин солҳо 9 нашри “ программаи “Хабарҳои охирин”-и радиои Тоҷикистон ҳар рўз мунтазам ба воситаи программаи якум дар соатҳои 6-05, 8-20, 10-45, 11-50, 17-50, 19-00, 20-00, 22-00, 23-00” [12, с.37] шунавонида мешуд. Ба таъкиди муаллифони ҳамин китоб дар 9 нашри “Хабарҳои охирин” ҳар рўз зиёда аз 100 хабар пахш мегардид.

Маҳз дар ҳамин давра аввалин бор гузоришҳои мустақими радио дар эфир садо додааст. Дар гузашта ва имрўз ҳам гузоришҳои мустақим ҳангоми иду ҷашнҳо ва ё рўйдодҳои муҳим аз майдонҳои бузург ва идгоҳҳои серодам пахш карда мешаванд.

Дар гузашта идораи барномаҳои иттилоотӣ дар баробари таҳияи нашрҳои «Ахбор» то ташкил шудани идораи барномаҳои субҳ наздики ду даҳсола барномаҳои субҳгоҳии радиоро низ омодаву пешкаши шунавандагон мегардонид.

Аз соли 1998 ин барнома бо номи «Паёми субҳ» то соли 2006 (замони таъсисёбии «Насими субҳ») ба таври мустақим пахш мешуд.

Ҷадвали пахши барномаҳои радио аз рўзи 17-уми сентябри соли 1991  7 нашри барномаи «Ахбор» дар соатҳои 5:10, 12:00, 15:00, 16:30, 18:00, 19:00 ва 21:00  тартиб дода шуд.  Аз ин ду нашр дар соатҳои 16:30 ва 19:00 нашрҳои барномаи иттилоотӣ бо забони русӣ ва 1 нашр дар соати 18:00 бо забони узбекӣ пахш мешуд.

Моҳи сентябри соли 2006 се идораи Радиои «Тоҷикистон» – идораи барномаҳои иттилоотӣ, идораи барномаҳои иқтисодӣ ва идораи барномаҳои сиёсиву байналхалқӣ якҷо карда шуда, номи идора барномаҳои иттилоотӣ-таҳлилиро мегирад. Рустамбек Назриев, ки сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотӣ буданд, сармуҳаррири идораи нав таъин шуда, Маҳмуд Аёзов ва Амонқул Одилов, ки сармуҳаррирони идораҳои барномаҳои иқтисодӣ ва сиёсиву байналхалқӣ буданд, муовинони ў таъин мегарданд. Аз моҳи январи соли 2008 Маҳмуд Аёзов дар ин идора сармуҳаррир таъин мегарданд. Дар ин замон теъдоди нашрҳои иттилоотии «Ахбор» ба 13 адад расонида мешаванд, ки як нашр оргинал ва нашри дуюм такроран пахш мешуд.

Дар ҳайати як идора пеш бурдани се самти калони барномаҳои иқтисодиву сиёсӣ мушкилоти зиёд пеш меорад, аз ин рў роҳбарияти радио ба хулосае меоянд, ки онро ба ду идораи алоҳида – идораи барномаҳои иттилоотӣ ва идораи барномаҳои таҳлилӣ ҷудо кунанд. Ҳамин тариқ идораи барномаҳои иттилоотӣ аз нав фаъолияти худро мустақилона ба роҳ монда, сармуҳаррири нави он Шоҳонаи Сулаймон таъин мегардад. Маҳмуд Аёзовро сармуҳаррири идораи навтаъсиси барномаҳои таҳлилӣ таъин мекунанд.

Марҳилаи нави рушди радио, аз ҷумла идораи барномаҳои иттилоотӣ аз 1 июни соли 2007 шурўъ мегардад, ки Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он бо техникаи рақамӣ муҷаҳҳаз гардиданд. Гузариш ба техникаи нав сатҳу сифати кори кормандони радиоро ба маротиб баланд бардошта, барои дастрасии саривақтии хабару гузоришҳо низ шароити беҳтарро фароҳам овард.

Бо дарки ҳамин воқеият кишварҳои абарқудрат дар ҷанги иттилоотӣ бештар аз радио истифода мекунанд ва пахши барномаҳои хабарӣ тавассути ин навъи ВАО ҳамеша дар муқоиса бештар роҳандозӣ мешавад. Дар Радиои Тоҷикистон ҳам бо вуҷуди он ки форматаш иттилоотӣ нест, аз соли 2011 барномаи «Ахбор» ба пахши оригиналии ҳарсоата гузашт. Соатҳои 8-00, 9-00, 10-00, 11-00, 12-00, 13-00, 14-00, 15-00, 16-00, 17-00, 18-00, 20-00, 22-00, ҷамъ 13 нашр барномаи «Ахбор» дар эфир садо медиҳад. Бо беҳтар шудани шароити техникӣ аз нимаи соли 2013 ба рўйхати идораи барномаҳои иттилоотӣ 6 нашри дигар дар соатҳои 9-30, 10-30, 11-30, 14-30, 15-30, 16-30 илова шуд. Нашрҳои иловагӣ, асосан, аз ҷониби шуъбаи мухбирон дар такя ба хабарнигорони минтақавӣ таҳия мегардид. Ин нашрҳо бо номи «Ахбори минтақа» ва бо кулоҳи махсус ва мусиқиҳои фарқунанда пахш мешуданд. Ҳамин шакли пешниҳоди барномаҳои иттилоотӣ наздики ду сол идома кард, аммо он ба имконоти иқтисодӣ ва техникии радио созгор наомад ва аз оғози соли 2015 барҳам дода шуд.

Нақши шуъбаи мухбиронро дар пешрафти кори идораи барномаҳои иттилоотӣ бояд махсус қайд намуд. Кормандони ин шуъба дар инъикоси ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва дастоварду комёбиҳои мардуми музофоти кишвар саҳми арзанда доранд. Дар гузашта он ҳамчун шабакаи хабарнигорони дар маҳалбуда дар назди дирексияи радио таъсис ёфта, дар баробари таъмини барномаи «Ахбор» бо хабару гузориш ҳамчунин дигар идораҳоро низ бо маводи зарурӣ таъмин мекард. Илова бар ин масъулони шуъба дар алоҳидагӣ барномаҳои иттилоотӣ – таҳлилии «Навиди кишвар» ва «Набзи диёр»-ро таҳия ва пахш мекарданд, ки байни шунавандагон маҳбубияти хосса доштанд. Аз нимаи дуюми солҳои 2000-ум ин шуъба тобеи идораи барномаҳои иттилоотӣ гардид. Ба таъкиди собиқ мудири шуъбаи мухбирон Рустамбек Назриев аз «охирҳои солҳои 80-ум бо ибтикори сармуҳаррири барномаҳои «Ахбор»-и вақт шодравон Қурбоналӣ Хўҷамов дар соҳаи радиожурналистикаи тоҷик бори аввал бо усули мустақим ба мавҷи эфир пайвастани хабарнигорон ва ё мутахассисони соҳаҳои алоҳида аз маҳал, яъне ба истилоҳ «радиомухобира» мавриди истифода қарор дода шуд» [4]. Баъдан бо беҳтар шудани шароити техникӣ кори мухбирони минтақавӣ низ беҳтар гардида, роҳу василаҳои гуногуни дар сатҳу сифати баланд дастрас намудани хабару гузоришҳои онҳо ба миён омад. Дар навбати аввал почтаи электронии шуъба (mukhbiron@list.ru) роҳандозӣ шуд, ки кори хабарнигорони минтақавиро барои ирсоли матни хабарҳо ва маводи аудиоӣ хеле осон кард. Аз ҷониби дигар, бо ин роҳ барои дар сатҳу сифати баланд дастрас намудани маводи мухбирон шароит фароҳам омад. Аз соли 2013 шуъба дастгоҳи наву замонавии сабти гузоришҳои телефонии мухбиронро бо сифати баланд (бокстел) дастрас кард, ки то ин замон аз он самаранок истифода мегардад.

Дар шуъбаи мазкур Володя Жданов, Эгамбердӣ Худойбердиев, Раҳмон Шералиев, Лаззат Диловарзод, Холбегим Давлатова, Элмурод Насруллоев, Рустамбек Назриев, Алихон Зарифӣ, Бахтиёр Зоиров, Шоҳиён Мансур ба ҳайси мудир кор кардаанд. Айни ҳол масъулияти мудирии ин шуъбаро Малоҳат Муқимова ба уҳда дорад.

Айни ҳол ҳамарўза дар идора 13 нашри барномаи хабарӣ таҳия мешавад, ки ду нашри онро «Ахбори минтақа» (соатҳои 11:00 ва 15:00) ташкил дода, асосан хабару гузоришҳои мухбирони минтақавиро дар бар мегирад ва бештар аз рўзгори мардуми рустои кишвар таҳия мешавад. Як нашри дигар бо номи «Ахбори ҷаҳон» (соати 16:00) садо медиҳад, ки фарогири муҳимтарин хабарҳои рўз дар ҷаҳон буда, бештар дар қолаби хабари васеъ ва шарҳу табсира омода мешавад. Илова ба ин ҳафтае як маротиба рўзҳои якшанбе, соати 20:00 барномаи иттилоотӣ-таҳлилии «Ҳафта» дар ҳаҷми то 30 дақиқа бо фарогирии муҳимтарин рўйдодҳои 7 рўзи охир таҳия ва пешниҳоди шунавандагон мегардад. Ин барнома шурўъ аз моҳи декабри соли 2019 илова бар рўзҳои якшанбе, рўзи душанбе соати 8:00 такроран пахш мегардад.

Дар идораи барномаҳои иттилоотӣ Камол Афзалӣ, Иброҳим Атахонов, Михаил Бобоев, Неъмат Мирсаидов, Нарзулло Тиллоев, Неъмат Очилов, Ҷумъа Расулов, Қурбоналӣ Хўҷамов, Бобоҷони Шафеъ, Саидмурод Рабиев, Муҳаммадумар Нурмуҳаммадов, Рустамбек Назриев, Шоҳона Одинаева, Машраб Маликов, Санавбар Табарова  ва Бахтиёр Зоиров ба ҳайси сармуҳаррир кор карда, ҳар кадоме дар пешрафти кори идора нақши арзанда гузоштаанд. Чеҳраҳои шинохта Пайванди Гулмуродзода, Салими Аюбзод, Файзулло Ёдгорӣ, Саъдулло Ҳайдарӣ, Сўҳроби Зиё, Алихон Зарифӣ, Изатбек Идиев, Абдуґаффори Камол, Карим Мўсо, Шамсиддинзода Садриддин, Маҳмадюсуф Шодиев, Аҳлиддин Салоҳов, Субҳиддин Шамсиддинов, Комил Аюбӣ, Тоҷиддин Сатторов, Муфарраҳ Шодиев, Зоҳир Эшонов ва дигарон дастпарварони ҳамин идора ба шумор мераванд, ки дар пешрафти журналистикаи тоҷик нақши арзанда гузоштаанд ва қисми зиёди онҳо то имрўз дар расонаҳои мухталифи дохилию хориҷӣ кору фаъолият доранд.

Айни ҳол дар идора беш 30 нафар кормандони болаёқату соҳибтаҷриба бо ихтисосҳои гуногун (муҳаррирон, мухбирони минтақавӣ, наттоқон ва коргардонҳо) фаъолият доранд, ки ҳар кадоми онҳо дар инъикоси саривақтии воқеаву рўйдодҳои муҳимми мамлакат саҳми арзишманд доранд.