Идораи барномаҳои таҳлилӣ

Саридораи сиёсии радио соли 1959 таъсис ёфт, ҳамчунин ҳамон сол саридораҳои кишоварзӣ, сохтмону саноат дар алоҳидагӣ арзи вуҷуд карданд, соли 1977 ин се саридора муттаҳид ва ба Саридораи ташвиқотӣ (пропаганда) ва баъдан ҷамъиятиву сиёсӣ табдил ёфтанд. Тайи беш аз даҳ сол инъикоси масоили умдаи давлату ҷамъият, қабули қарору қонунҳои парлумону ҳукумат ва иҷрои онҳо, фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳизбию давлатӣ, соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ – кишоварзӣ, саноату сохтмон, нақлиёт, нигаҳдории тандурустӣ, мақомоти маъмурӣ, рўзгори бонувон, матолиби ҳаҷвию танқидӣ ва ғайра дар маркази диққати ин саридора қарор дошт. Солҳои 1989-1992 ин идораҳо дар ҳайати иттиҳодияи алоҳида амал намуданд, минбаъд (то соли 2006) ин вазифа ба дўши Саридораҳои сиёсию байналмилалӣ ва иқтисод (кишоварзӣ, саноату сохтмон) гузошта шуд, аз моҳи августи соли 2006 саридораи иттилоотию таҳлилӣ (бо иловаи саридораи хабарӣ) ташкил ёфт. Соли 2008 саридораи иттилоотию таҳлилӣ барҳам хўрд ва аз нав идораи барномаҳои таҳлилӣ ташкил шуд, ки то имрўз амал менамояд.

Соли 1993 идораи барномаҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ба идораи барномаҳои сиёсӣ ва байналхалқӣ табдили ном кард ва барномаҳои он зери рубрикаҳои «Афкор», «Мо ва қонун», «Нури маърифат», «Саодат», «Тандурустӣ», «Суҳбати дўстон», «Дин ва ҷомеа» ва ғайра садо медоданд.

Баъд аз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтавои барномаҳои идора куллан дигар шуданд, доираи мавзўъҳо васеъ гардид. Аз ҷумла, гуфтору барномаҳо таҳти унвонҳои «Хоки Ватан»,«Чеҳраҳои сиёсӣ», «Суҳбат дар мавзўи муҳим», «Дар кумитаи Шўрои Олӣ», «Идеологияи давраи гузариш», «Аз ҳаёти шўроҳо (баъдтар «Ҳукумат»), «Сипари Ватан», «Дин ва ҷомеа», «Фардои истиқлол (баъдтар «Файзи истиқлол»), «Ваҳдат – пояи давлат», «Давлат ва давлатдорӣ», «Фарҳанг –ҳастии миллат», «Маънавиёти ҷомеа» ба вуҷуд омаданд. Ғайр аз ин гуфтори сиёсӣ ба забони русӣ бо номи «Панорама» аз соли 1993 то соли 1995 пахш мегардид.

Яке аз барномаҳое, ки бо тақозои ҷамъият ва давлат ташкил шуда, барои ба ҳам овардани ҷомеаи парешонии тоҷикон ва бунёди пояи ваҳдату истиқрори сулҳи Тоҷикистон саҳми арзанда гузошт, барномаи «Хоки Ватан» буд. Он аз ҷиҳати шаклу мундариҷа дар таърихи васоити ахбори оммаи ҷаҳон таҷрибаи пурарзиш маҳсуб ёфт. «Хоки Ватан» дар баргардонидани гурезаҳо ба Ватан нақши умдае бозида вазифаи таърихии худро иҷро кард. Барномаи мазкур дар давраи солҳои 1993-1997 беш аз 800 маротиба садо дод.

Зарур дониста шуд, ки роҷеъ ба Идораи барномаҳои иқтисод, ки ҳоло барномаҳои он як самти фаъолияти идораи барномаҳои таҳлилиро ташкил медиҳанд ва аз соли 1993 то 2006 ба сифати идораи мустақил амал мекард, маълумоти фишурда дода шавад.

 

Идораи барномаҳои иқтисод ҳамчун падидаи истиқлол, соли 1993 таъсис ёфта, аз ду шуъба – иқтисод ва кишоварз иборат буд. Ҳадафаш инъикоси дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, тарғиби сиёсати иқтисодиву иҷтимоӣ буд. Идора барномаҳои «Насими айём» ва «Кишоварз»-ро омодаву пахш мекард. Дар барномаи иқтисодии  «Насими айём» рубрикаҳои «Ислоҳоти иқтисодӣ», «Иқтисодиёт ва ҷомеа», «Омилҳои рушди иқтисод», «Ислоҳоти иқтисодӣ – асоси пешрафт» ва дар барномаи «Кишоварз» – «Рў ба беҳбудӣ», «Андешаҳо баъди сафар», «Фаемер», «Аз деҳқон ба деҳқон» ба вуҷуд омаданд.

Аз соли 2000-ум дар таҳияи барномаҳои «Насими айём» ва «Кишоварз» тағйирот ворид шуд. Онҳо бештар дар рўҳияи созандагиву ободонӣ таҳия гардида, аз рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, фаъолияти корхонаву муасссисаҳо, вазъи рўзгори мардум дар минтақаҳо, корҳои созандагиву ободонӣ дар шаҳру ноҳияҳо, роҳҳои густариши иқтисодиёт, истифодаи таҷрибаи деҳқонони мамолики хориҷӣ таҳия мегардиданд. Дар идора бештар гурўҳи жанрҳои таҳлилӣ – суҳбат, тафсир, нигориш ва гоҳе тадқиқоти журналистӣ истифода мешуд.

Моҳи августи соли 2006 идора барҳам хўрда, дар ҳамбастагӣ ба идораҳои Ахбор, сиёсӣ ва байналхалқӣ идораи иттилоотӣ – таҳлилӣ арзи ҳастӣ кард. Моҳи апрели соли 2008 идора ба ду шохаи алоҳида – идораи иттилоотӣ ва идораи таҳлилӣ ҷудо шуд ва барномаҳои иқтисодиву кишоварзӣ ба идораи таҳлилӣ бо номҳои «Иқтисоди миллӣ», «Калиди ризқ», «Мардуми бозор», «Музофот» мутааллиқ шуданд.

Тавре зикр шуд идораи барномаҳои таҳлилӣ ҳарчанд дар солҳои гуногун бо идораҳои дигари радио муттаҳид шуда бошад ҳам, вале ҳадаф, мавзўъ ва вазифаҳояш тағйир нахўрдаанд.

Мавзўъҳои меҳварии идораи барномаҳои таҳлилӣ инҳоянд:

– таблиғи сиёсати давлату ҳукумат, фармон, қарор ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои парлумони мамлакат;

– баррасии амалӣ гардидани сиёсати давлату ҳукумат ва нуктаҳои Паёмҳои Президент дар тамоми соҳаҳо;

– ташвиқи эҳёи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо,

– тарғиби сулҳу ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба рукнҳои давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ;

– мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва ифротгароии динӣ;

– роҳандозии сиёсати энергетикӣ: дастовард ва натиҷаҳо;

– фароҳамсозии дидгоҳи нав дар ҳамкориҳои минтақавӣ;

– сиёсати «Дарҳои кушад» омили пешрафти иқтисод;

– натиҷаи амалии аз бунбасти коммуникатсиноӣ раҳо гардидани Тоҷикистон;

– сиёсати роҳсозӣ – пайвандгари Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳон;

– матбуоти нав ва нигоҳи нав;

– идеологияи давраи гузариш;

– омилҳои муттаҳидкунандаи минтақаҳои Тоҷикистон;

– бунёдкорӣ- омили рушд;

– ваҳдати миллӣ ва андешаи миллӣ;

– мактаби сиёсии президент – дидгоҳи нав дар сиёсат;

– сиёсат ва сиёсатмадорон;

– мавқеи шахс дар ҷомеа;

– омилҳои рушди ҷомеаи иҷтимоӣ;

– ВАО ва сиёсат;

– нақши ВАЭ дар тарғиби сиёсати давлат;

– ҳукумати электоронӣ – падидаи замони истиқлол;

– омилҳои пешгиркунандаи ҷангҳои равонӣ ва набардҳои расонаӣ;

– ғояи миллӣ ва сиёсати миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол;

– тарғиби сиёсати байналмилалии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои таъмини аҳолии сайёра бо об ва ғ.

Дар умум, аз идораи барномаҳои таҳлилӣ 12 барнома таҳия мешавад, ки фарогири мавзўъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошанд.

Дар идора Усмон Зоиров, Мерган Султонов, Абдулло Зокиров, Иброҳим Атахонов, Қудратулло Юнусов, Амонқул Одилов, Маҳмуд Аёзов, Абдуғаффор Убайдуллоев, Темур Султон ва Раҳматулло Одинаев ба сифати сармуҳаррир ифои вазифа намудаанд.